Гурбаи Қимат Абдуназарова ҳеч боре набуд, ки ҷойе дармонад. Ин ҷонвари чолок ҳамеша худро аз ҳар мушкил ба осонӣ раҳо мекард, вале ин бор дармонд. Ва боз дар куҷо? Дар айвончаи хонаи соҳибаш. Ҳамон айвончае, ки шояд пештар борҳо аз он болову поён парида буд. Маъмулан гурбаҳо хеле кам ба фалокат дучор меоянд, чолокиву заковаташон имкон медиҳад, ки аз ҳар мушкил ҷонашонро раҳонанд. Аммо ин бор гурбаи Қимат Абдуназарова ба ҳадде соҳибашро дар ташвиш гузошт, ки зарур омад аз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда талаби ёрӣ кунад.
Ин ҳодиса рӯзи 14-уми сентябр рух дод. Дақиқан соати 11:25 Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабари дар айвончаи хона дармондани гурбаро дарёфт кард ва бо даъвати соҳиби хона озими кӯчаи Айнии пойтахт шуданд.
Изтироби соҳиби хона беҳуда набуд. Гурба дар ҷойе банд хӯрда буд, ки агар дами дигар намеомаданд, шояд сарнагун мешуд ва ҳалокаташ ҳам имкон дошт. Наҷотдиҳандагон фаврӣ ба наҷоти ҷони ин ҷонвар камар бастанд ва онро беосеб аз хатар наҷот доданд.
Баъд аз зуҳри ҳамон рӯз хабари дар лифти хонаи баландошёна дармондани одамон расид. Ин ҳодиса дар кӯчаи Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух дод. Се шаҳррванди баркамол ҳангоми боло шудан дар лифт дармонданд ва чораи дигаре набуд, ҷуз ин ки ба қисми навбатдории Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.
Аъзои Дастаи зудамал фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва шаҳрвандони Асрор Олимов, Хусрав Аъзамов ва Акбар Қодирҷонов бе ягон осеб аз даруни лифти харобшуда берун оварда шуданд.
Ва боз ҳам дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокинон аз вайрон шудани қулфи дари хона арз карданд. Кор ба ҷойе расида буд, ки дари оҳаниро боз кардаву на даромада ва на баромада метавонистанд.
Кормандони наҷоти Раёсати хадамоти махсус ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дари маҳкамшудаи оҳаниро боз карданд.
Се рӯйдоди ба назар одӣ, вале боз ҳам агар нек бингарем ёрӣ ба касонест, ки илоҷи дигаре надоштанд, ба ҷуз ин ки ба кумаки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чашми умед дӯзанд. Ин нишони он аст, ки эътимоди мардум ба ниҳоди наҷоти кишвар меафзояд.