Наҷоти тифли дусола аз як пайҷои думетраи симчӯб дар Хатлон

Аз беназоратии волидон қариб буд як духтарчаи хандони дусола тарки олам кунад. Ин духтарча саргарми бозиҳои тифлонаи худ дар пайҷои умқаш думетраи симчӯб фурӯ рафт. Агар кормандони наҷот сари вақт намерасиданд, эҳтимол буд ин бетаваҷҷуҳӣ бо фоҷеа ба анҷом расад.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми сентябр рух дод. Соати 16:00 ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар расид, ки бар асари бетаваҷҷуҳии волидон тифле  дар мағоке  афтода, ки бештар аз ду метр умқ дорад.   

Дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Онҳо муайян кардаанд, ки ин тифли хурдсол дар ҳавлӣ саргарми бозӣ будааст ва дар ин асно чун касе ҳамроҳаш набудааст, дар пайҷойи симчӯби барқ сарнагун шудааст. Гуфта мешавад, ки  онро кормандони хадамоти истиқомативу коммуналӣ барои ҷой кардани сутуни барқӣ канда буданд.  Бино ба гузориш ин пояи барқ бояд дар умқи бештар аз ду метр зада мешуд, то ба муқобили бодҳои шадид тобовар бошад.

Духтарча, ки соли таваллудаш 2018 буд, бо ёрии наҷотдиҳандагон дар зарфи 3 дақиқа берун оварда шуд ва аввалин ёрии тиббиро ҳам барояш расонданд. 

Баъди ин кӯдакро ба волидонаш супурданд, вале онҳо барои бистарӣ кардани духтарчаи худ розӣ нашуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар аз волидон хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд! 

барчасп: