Бо мақсади баланд бардоштани зарфиятҳои техникии воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар КҲФ маросими таҳвили таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ баргузор гардид.
Тоскулоҳҳои наҷот, мӯзаҳои резинӣ, ниқобҳо, дастпӯшакҳо аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ба воҳидҳои наҷоти кишвар таҳвил ёфт.
Ҳамаи ин таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ дар ҷараёни корҳои наҷот аз ҷониби воҳидҳои наҷоти Кумита истифода хоҳанд шуд.