ахабори рӯз

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои воҳидҳои наҷоти Кумита воситаҳои техникӣ супурд

Бо мақсади баланд бардоштани зарфиятҳои техникии воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар КҲФ маросими таҳвили таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ баргузор гардид.

Тоскулоҳҳои наҷот, мӯзаҳои резинӣ, ниқобҳо, дастпӯшакҳо аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ба воҳидҳои наҷоти кишвар таҳвил ёфт.

Вайрониҳои сел дар Конибодом тадриҷан барқарор мешаванд

Раҷаббой Аҳмадзода-Раиси вилояти Суғд ва Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ин вилоят дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Конибодом бо фаъолияти ду ситоди доимамалкунанда дар минтақаҳои “Пўлотон” (маҳаллаи Бобокалонов) ва “Ортиқов” (маҳаллаи Фирӯзоба), ки барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ ташкил карда шудаанд, шинос шуд.

Вазъи кишвар дар 3 июни соли 2019

Боду ҳавои сербориш рузҳои охир сабабгори омадани сел дар ҳудуди як қатор минтақаҳои кишвар гардид.

1 июни соли 2019 дар натиҷаи боришоти шадид  ҳудуи  деҳаи Оби Шифо ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷониби ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ  селҳо поён фаромада, ба 70 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ зарар расонида, ба таҳхонаҳои 8 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гашт. Хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Наҷоти сокини 17-солаи пойтахт, ки бо мошин ба дарёи Варзоб парида буд

Дар остонаи Соли нав ҷавони масте бо ду ҳамраҳаш худро бо мошини «Toyota Camry» ба дарёи Варзоб андохт. Мошин тахминан 3-4 метр парид ва баъдан ба қаъри 1,5-2 метр фурӯ рафт. Агар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба ёрӣ намерасиданд, фоҷеа ҳатмӣ буд. Сарнишинон беосеб аз дохили мошин берун оварда шуданд. Кумита бори дигар

Рӯ ба “Шарҳ...”: Мониторинги иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ

Агар дар соли 2007 — 42 адад иншооти хатарноки кимиёвӣ бо истифодаи хлор, аммиак, хлорпикрин ва кислотаҳо ба қайд гирифта шуда бошанд, дар соли 2012 моддаҳои хатарнок танҳо дар 28 иншоот истифода шудааст. Солҳои охир бо пешниҳоди мутахассисони Кумита 16 иншооти хатарноки кимиёвӣ ба технологияи бехавф гузаштаанд. Соли 2017 мониторинги ҳолати 35 иншооте, ки пештар моддаҳои сахттаъсири

Страницы