Раҷаббой Аҳмадзода-Раиси вилояти Суғд ва Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ин вилоят дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Конибодом бо фаъолияти ду ситоди доимамалкунанда дар минтақаҳои “Пўлотон” (маҳаллаи Бобокалонов) ва “Ортиқов” (маҳаллаи Фирӯзоба), ки барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ ташкил карда шудаанд, шинос шуд. Баъди таҳлили пурраи вазъи ба амаломада ба ин ду ситод вазифаҳои мушаххас дод, ки бояд дар муҳлати нишондодашуда амалӣ кунанд.
Дар корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел 50 нафар сарбозони қисми ҳарбии КҲФ, 300 нафар сарбозони қисми ҳарбии 04080-и Вазорати мудофиа, зиёда аз 700 нафар кормандони соҳаи маориф, 200 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, 2000 нафар аҳолии маҳаллаҳо фаъолона иштирок доранд.
Барои тоза намудани ҳудуди хонаҳои истиқоматӣ, таҳхонаҳо ва дигар иншооти инфрасохторҳо аз обу лой, таҷҳизотҳои махсус аз қабили мотопомпаҳо истифода бурда шуданд.
Бо истифода аз техникаҳои мавҷуда роҳи автомабилгарди маҳаллаи Гумбазӣ ва ду кўчаи ҷамоати деҳоти Ғ. Ортиқов аз сангрезаҳо ва лой тоза карда шуда, дар минтақаи қабристони “Фирузоба” корҳои ҳамворкунӣ тавассути шағал гузаронида шудаанд.
Дар маҷмўъ, дар мавзеи “Ортиқов” (маҳаллаи Фирузоба) 8 адад экскаваторҳои гуногунтамға, 2 адад грейдер, 2 адад боркунаки фронталӣ, 7 адад автомашинаҳои боркашон, 3 адад автомашинаи обкашон, 1 адад автомашинаи ташноб, 2 адад автомашинаи сўхторхомўшкунц, 5 адад мотопомпаҳо сафарбар карда шудаанд. Мутахассисони Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятии эҳтимолӣ ба қабристони “Фирузоба”, ки дар натиҷаи сел қисми он осеб дидааст, ҳудудан 1,5 тонна хлор пошиданд. Чораҳои дигари зарурӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ роҳандозӣ мешаванд.
Ҳамарўза, барои аҳолӣ, оилаҳои осебдидагон ва ҳашарчиён се маротиба хўроки гарм дода мешавад. Барои шаҳраки хайманишинон шароитҳо фароҳам оварда шудаанд, аз ҷумла бунгоҳи сайёри тиббӣ ташкил карда шуда, табибону равоншиносон фаъолият мекунанд.
Дар қисмати дуюми рўз Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо аъзои Комиссияҳои вилоятӣ ва шаҳри Конибодом ҷаласаи корӣ баргузор намуда, аз шахсони масъул оид ба иҷрои супоришҳои дар ҷаласаи фаврии пешина гузошта шуда, суол кард, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба хадамоти роҳ, комунналӣ, идораи сохтмон, идораи замин, бехдошти замин ва обёрӣ ва дигарон супоришҳои мушаххас дод.
Дар айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулода мизони зарари расида ба хоҷагиҳо ва аҳолиро ҳисоб мекунад. Гуфта мешавад, ки зарфи ду моҳи оянда ҳамаи хонаҳои зарардида бо ҳашари дастаҷамъӣ барқарор карда хоҳанд шуд.
Шаҳзода Бутаева,
сардори бахши кор бо
ҷомеаи Раёсати вилоят,
лейтенант