Вазъи кишвар дар 3 июни соли 2019

Боду ҳавои сербориш рузҳои охир сабабгори омадани сел дар ҳудуди як қатор минтақаҳои кишвар гардид.

1 июни соли 2019 дар натиҷаи боришоти шадид  ҳудуи  деҳаи Оби Шифо ҷамоати деҳоти Чоргултеппа аз ҷониби ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ  селҳо поён фаромада, ба 70 қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ зарар расонида, ба таҳхонаҳои 8 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гашт. Хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Барои ташкили кор оид ба бартараф намудани ҳолати рух дода гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Шоҳиён Р. таъсис дода шуда, ба макони зарардида фиристода шуд.

Барои анҷом додани корҳои бартарафсозӣ дар деҳаҳои зарардида, қарор дқабул гашт, ки сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбии Кумитаро ҷалб намоянд.

2 июни соли 2019 дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ва ду деҳоти ноҳияҳои Фархору Восеи вилояти Хатлон  дар натиҷаи боришот селобаҳо омада, ба  заминҳои наздиҳавлигӣ, 1 бинои ёрирасон ва 1 кӯпрук, ки  деҳаи Меҳнатободро бо шоҳроҳи Бохтар- Душанбе  мепайвандад, зарар расонид. Мутаассифона, дар натиҷаи омадани сел сокинони 18-солаи деҳаи Мехнатободи ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон  ба ҳалокат расид.

Дар ҷойи ҳодисаҳои рухдода мониторинги 24-соатаи сатҳи об дар дарёҳо аз ҷониби кормандони Кумита гузаронида шуда истодааст.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ва бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолати такроран рух додани ҳолати фавқулода ба кормандони масъули Раёсату шуъбаҳо, дар якҷоягӣ бо Комиссияҳои фавқулоддаи минтақавӣ, инчунин саривақт ба анҷом расонидани корҳои бартарафсозӣ ба шахсони масъул супоришҳои  қатъӣ доданд.

Дар айни замон корҳои бартарафсозӣ идома доранд. Барои муайян намудани хисорот дар ноҳия Рӯдакӣ, Хуросон, Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон Комиссияҳо оид ба  ҳолатҳои  фавқулода кори худро идома дода истодаанд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани зарар ба зироатҳо, наботот ва ҳайвонот дар натиҷаи боришоти шадид ва жола аз ҷониби хадамоти зидди жолаи Кумита, бо истифода аз мушакҳои зидди жола зиёда аз 30 дар минтақаҳаои хавфнок корҳои безараргардонӣ дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон ва Қушониёни дар вилояти Хатлон  баргузор гардид.

барчасп: