Рӯ ба “Шарҳ...”: Мониторинги иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ

Агар дар соли 2007 — 42 адад иншооти хатарноки кимиёвӣ бо истифодаи хлор, аммиак, хлорпикрин ва кислотаҳо ба қайд гирифта шуда бошанд, дар соли 2012 моддаҳои хатарнок танҳо дар 28 иншоот истифода шудааст. Солҳои охир бо пешниҳоди мутахассисони Кумита 16 иншооти хатарноки кимиёвӣ ба технологияи бехавф гузаштаанд. Соли 2017 мониторинги ҳолати 35 иншооте, ки пештар моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда истифода мебурданд, гузаронида шуд.

Соли 2017 аз тарафи мутахассисони Кумита мониторинги иншоотҳои хатарноки радиатсионӣ ва кимиёвии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, гузаронида шуд. Ҳадаф муайян намудани маҳалҳои эҳтимолан хатарноки радиатсионӣ ва таъмини бехатарии радиатсионию кимиёвӣ, санҷиши ҳолати истифодабарӣ ё нигоҳдории моддаҳои хатарноки кимиёвӣ ва назорати таъмини бехатарии кимиёвии онҳо бо мақсади бартарафсозӣ хангоми ба амал омадани садамаҳо дар муассиса ва ташкилотҳо буд. Таҳлили мониторинги ҳолати иншоотҳо ва корхонаҳое, ки дар истеҳсолоташон моддаҳои хатарноки кимиёвӣ истифода ё нигоҳдорӣ менамоянд, нишон дод, ки аз ҳама роҳи бехавф ин гузаштани истеҳсолот ба усулҳои технологияи нав, бо истифода аз моддаҳои бехатар мебошад.

 Агар дар соли 2007 — 42 адад иншооти хатарноки кимиёвӣ бо истифодаи хлор, аммиак, хлорпикрин ва кислотаҳо ба қайд гирифта шуда бошанд, дар соли 2012 моддаҳои хатарнок танҳо дар 28 иншоот истифода шудааст. Солҳои охир бо пешниҳоди мутахассисони Кумита 16 иншооти хатарноки кимиёвӣ ба технологияи бехавф гузаштаанд. Соли 2017 мониторинги ҳолати 35 иншооте, ки пештар моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда истифода мебурданд, гузаронида шуд. Аз ҷумла: дар шаҳри Душанбе — 5, дар НТҶ — 11, дар вилояти Хатлон — 7, дар вилояти Суғд — 11 ва ВМКБ — 1. Ҳангоми гузаронидани мониторинг аз тарафи мутахассисони КҲФ оид ба масъалаҳои ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи 25 иншоотҳои ҷумхурӣ ёрии методӣ ва амалӣ расонида шуд.

Яке аз самтҳои асосии Кумита ин муайянсозии маҳалҳои эҳтимолии радиатсионӣ мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ иншоотҳое амал мекунанд, ки иҷозатномаи истифодабарӣ ё нигоҳдории манбаъҳои нурафкани радиатсиониро доранд. Аз тарафи Кумита доимо бақайдгирӣ ва назорати риояи меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ҳангоми нигоҳдорӣ ва кор бо манбаъҳои нурафкании ионизатсионӣ дар иншоотҳо ва ташкилотҳои истифодабаранда гузаронида мешавад. Таҳлили мониторинг дар соли 2017 нишон дод, ки дар иншоотҳои истифодабаранда ё нигоҳдорандаи манбаъҳои радиоактив ҳолати садамавӣ ба амал наомадааст.



Таҳқиқи мавзеъи олудаҳои радиоактивӣ

Барои пешгирии холатхои садамавӣ бо пешниҳоди Кумита дар соли 2017 ба МД «Маркази гуронидани партобҳои манбаъҳои радиоактив» 182 манбаъи нурафкани ионизатсионӣ супорида шуданд. Дар асоси нақшаи якҷояи Кумита ва Агентии амнияти ядроӣ в радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гамма­ченкунии автомобилӣ ва пиёдаравони шаҳри Истиқлол, шаҳраки Адрасмон ва ҷамоати Деҳмойи вилояти Суғд, аз ҷумла дар майдонҳои хоктудаҳои боқимондаи урандор, ҳамчунин андозагирии радиатсионӣ дар иншоотҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ низ гузаронида шуд.


Баргузории мониторинги радиатсионӣ

Натиҷаи аксбардории гаммавӣ нишон дод, ки сатҳи гамма дар иншоотҳо ва ҳудуди санҷидашуда мувофиқи меъёр мебошад. Барои бартарафсозии камбудиҳои дар майдонҳои хоктудаҳои боқимондаи урандор чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Дар доираи чаҳорчубаи амалишавии Нақшаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқи якҷояи олудагии радиоактивии мавзеъи Санги Кари ноҳияи Рашт ташкил ва гузаронида шуд. Натиҷаи гаммаченкунии гузаронидашуда нишон дод, сатҳи гамма мувофиқи меъёр буда, эҳтимолияти радиатсионӣ мавҷуд нест.

Азбаски Кумита мониторинги мавзеъҳои аномалияи радиатсиониро мегузаронад, таҳқиқҳои аввалини саҳроӣ дар мавзеъи зикргардида соли 2002 гузаронида шуда буданд. Бо пуриқтидор гаштани заминаи моддию техникии Кумита, танҳо соли 2017 имконияти таҳқиқи такрорӣ ва дақиқи мавзеи зикргардида аз тарафи ду муассисаи масъул имконпазир гардид. Экспедитсияи дигар барои таҳқиқ бо ҳудуди васеътар дар тобистони соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ гамма­фон нишондоди 0,15–0,20 мкЗв/соатро нишон медиҳад, ки мувофиқ ба меъёр мебошад. Натиҷаи таҳқиқҳо ва мониторинги доимии маҳалҳои эҳтимолии радиатсионӣ имкон медиҳад, ки барои таъмини бехатарии радиатсионии аҳолӣ ва бартарафсозии олудагиҳои радиоактивии ҳудуд сари вақт чораҳои зарурӣ андешида шавад.

барчасп: