Activities calendar

09 июли 2018

Ширкати намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси дуюми осиёии вазоратии коҳиши хатари офатҳо

Аз 3 то 6 – уми июли соли 2018 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар дуюмин Конфронси осиёии вазоратӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор шуд, ширкат намуд.
Конфронс таҳти шиори “Ҳимояи дастовардҳои рушди устувор

Наҷоти марди 48-сола дар дарёи Кофарниҳон

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аснои навбатдорӣ ва назорат марди 48-солаеро аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд, ки мегӯянд аз бемории рӯҳӣ ранҷ мекашид. Ин мард баъди берун овардан аз об ба дасти мақомоти дахлдор супурда шуд.

Бехатариву амният дар об: Инро донед, то ҳаётатон зери хатар набошад!

Тобистон мавсими оббозиву шиноварист. Гармои шадид беш аз пеш одамонро ба соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзҳо, обанборҳо тела медиҳанд. Дар кишвар кам нестанд ҷойҳое, ки махсус барои истироҳати тобистона омода шудаанд. Вале будубош дар онҳо қоидаҳои худро доранд, ки риоя шуданашон сабабгори таъмини амнияту бехатарии одамон мешавад. Донистани ин қоидаҳои душвор нестанд, муҳим он аст, одамон масъули амнияти

"ИҚТИСОДИ САБЗ" ВА ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

Боздошт аз Конфронси байналмилалии Душанбе
Оғози татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар радифи иқдомҳои пешии Тоҷикистон доир ба ҳалли масоили вобаста ба об нуфузи кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар намуд.  Инро баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд

ТЕРРОРИЗМ. НИГОҲЕ БА ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ ИН ЗУҲУРОТИ ОЯНДАСӮЗ

“Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.

 Эмомалӣ РАҲМОН