"ИҚТИСОДИ САБЗ" ВА ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ

Боздошт аз Конфронси байналмилалии Душанбе
Оғози татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар радифи иқдомҳои пешии Тоҷикистон доир ба ҳалли масоили вобаста ба об нуфузи кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтар намуд.  Инро баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи номбурда дар шаҳри Душанбе баръало нишон дод.

Конфронси байналмилалӣ  бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, тайи ду рӯз мубодилаи афкори олимону мутахассисони сатҳи баланд, сарони ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфуз сурат гирифт ва аҳамияти пешниҳоди Тоҷикистонро боз ҳам рӯшантар ҷилва дод. Таъкид гардид, ки мо ба пешбурди даҳсолаи нав бо такя ба таҷрибаи аз амалисозии ташаббусҳои қаблии глобалии марбут ба об андухташуда шурӯъ менамоем. Дар ин самт тайи понздаҳ соли охир Тоҷикистон саъю талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди "Соли байналмилалии оби тоза, 2003", Даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015" ва "Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013" ҳамаҷониба тақвият бахшид. Ҳамаи ин ибтикорҳо дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо ва муносибати дуруст бо он  саҳми арзишманд гузоштанд. 
Дар санади ниҳоии Конфронси байналмилалии  Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал " Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" зикр  шудааст, ки об воситаи истеҳсоли неруи барқ  аст ва  барқ барои интиқоли об ба манотиқи зарурӣ истифода хоҳад шуд.  Яъне, ин ду неъмат ба ҳам иртиботи ногусастанӣ  доранд. Об неъмати бебаҳоест, ки исроф ва истифодаи нодурусти он аз ҷониби одамон дар ояндаи начандон дур метавонад онҳоро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ намояд.  Шароити кунунии ҷаҳон тақозо мекунад, ки дар баҳрабардорӣ аз манобеи обӣ аз беҳтарин ва пешрафтатарин фановариҳои замон кор гирифта шавад  ва  ба ҳеҷ ваҷҳ ба исроф набояд даст занем.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ ҷумҳурии мо ба мақоми минтақаи дорои  манбаъҳои ғании  оби тоза муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи иштирочиёни конфронс,   айни замон 60 дарсади захираҳои оби тозаи Осиёи Марказӣ дар  Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Дар раванди обшавии босуръати пиряхҳои кишвар  эҳтимоли коҳиш ёфтани захираҳои оби минтақа вуҷуд дорад. Роҳандозии даҳсолаи нав ва Созишномаи Париж ҷиҳати кам намудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва ба ин васила  пешгирӣ  намудани обшавии босуръати пиряхҳо тадбири муҳим аст.
Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар замони  кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба рушди устувор тавсеаи рушди «иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иқдомҳои ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” буда, дар ин раванд ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ  амалҳои созанда анҷом медиҳад.

Гулнора РАҲИМОВА,
иштирокчии конфронс, мутахассиси ташкилоти ҳавзаи дарёи Панҷ

БОЗЧОП: рузномаи “Ҷумҳурият” №:133