Activities calendar

10 июли 2018

Мулоқот дар лагерҳои саломатӣ ва суҳбатҳо дар мавзӯъи бехатарӣ

Дар айёми таътили тобистона кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бачаҳо чорабиниҳои иловагӣ мегузаронанд: ҳадаф боло бурдани сатҳи фарҳанги амнияту бехтарӣ дар ҳаёти ҳамарӯзии онҳост. Тобистон мавсимест, ки таваҷҷӯҳ ба бехатарии бачаҳо бояд афзояд, калонсолон бояд нагузоранд, ки онҳо танҳо ба ҷойҳои хатарзо раванд.

Рейдҳо дар Суғд: Истироҳаткунандагон бояд қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои обро вайрон накунанд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як силсила рейдҳо дар махзанҳои оби қаламрави вилоят гузарониданд.

Чунончӣ, кормандони Раёсати КҲФ дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ бо шаҳрвандоне, ки дар соҳилҳои дарёи Сир ва обанбори “Баҳри тоҷик” истироҳат мекарданд, корҳои