Дар айёми таътили тобистона кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бачаҳо чорабиниҳои иловагӣ мегузаронанд: ҳадаф боло бурдани сатҳи фарҳанги амнияту бехтарӣ дар ҳаёти ҳамарӯзии онҳост. Тобистон мавсимест, ки таваҷҷӯҳ ба бехатарии бачаҳо бояд афзояд, калонсолон бояд нагузоранд, ки онҳо танҳо ба ҷойҳои хатарзо раванд.
Барои омӯзиш додани малакаҳои рафтори бехатар дар мавсими тобистон кормандони Маркази таълимӣ-методии КҲФ ва Раёсати махсуси хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумита дар лагерҳои саломатӣ ва наздимактабии муассисаҳои таълимоти умумии №№ 37 ва 67 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дидору мулоқотҳо баргузор намуданд.
Дар ҷараёнри мулоқот дастурҳои зарурии амниятӣ дода шуданд, қоидаҳои бехатарӣ дар махзанҳои об ва ҳолатҳое, ки дар об оббозӣ кардан мумкин нест ва ё ҳолатҳое, ки шиновариро дар кӯлҳо, ҳавзҳо, дарёҳо манъ мекунанд, фаҳмонида шуданд. Қадам ба қадам ҳама зинаҳои амал дар ин ҳолатҳоро амалан нишон доданд. Ҳамчунин миёни ширкаткунандагон викторина ва мусобиқаҳо гузарониданд.
Бояд зикр кард, ки ин гуна чорабиниҳо ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав ва Файзобод гузаронида шуданд.