Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аснои навбатдорӣ ва назорат марди 48-солаеро аз хатари ғарқ шудан наҷот доданд, ки мегӯянд аз бемории рӯҳӣ ранҷ мекашид. Ин мард баъди берун овардан аз об ба дасти мақомоти дахлдор супурда шуд.
Ба шарофати вокуниши сареъ наҷоддиҳандагони Раёсати махсуси хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ марди 48-солаеро, ки ғарқ мешуд, наҷот доданд. Наҷотдиҳандагон дар аснои ҳодиса дар минтақа саргарми иҷрои вазифаҳои хидматии худ буданд.
Маълум гардид, ки ин мард аз бемории рӯҳӣ ранҷ мебарад. Ӯро аз об ба болои заврақи наҷот оварданд ва филҳол ба соҳил бурда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Кормандони бахши наҷоти Кумита ба хотири роҳ надодан ба фоҷеаҳои мудҳиш дар об дар айёми тобистони гарм дар махзанҳои об навбатдорӣ мекунанд. Ҳодисаҳои ғарқи об шудани шаҳрвандон, бахусус кӯдакон ва наврасон аллакай зиёд ба қайд гирифта шудаанд.
Кормандони Кумита дар баробари назорати ҳамешагӣ инчунин миёни истироҳаткунандагон ҳар гуна чорабиниҳои таблигӣ мебаранд ва онҳоро бо қоидаҳои шиноварӣ ва наҷоти афроди ғарқшуда, расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ошно мекунанд.