Activities calendar

25 июни 2019

Кушодашавии мини-студия дар КҲФ ва харидорӣ намудани таҷҳизот барои тайёр кардани воситаҳои ҳимоя оид ба гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи хайриявии Давлати Қатар, имрӯз дар КҲФ маросими кушодашавии мини-студия ва супоридани таҷҳизот барои тайёр кардани воситаҳои ҳимоя оид ба бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ баргузор гардид.

Вохурии Раиси Кумита бо ҳайати Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳо

25 июни соли 2019 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Р. ҳайати Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкориҳоро бо сарварии мушовири байналмилалӣ ҷаноби Насим Ҷавод ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти вохурӣ Сарвари Кумита ба густариши ҳамкориҳо