Activities calendar

26 сентября 2017

Анҷоми тамрини омодабоши неруҳои мудофиаи гражданӣ дар Рашт

Як тамрини ҳолати омодабоши неруҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар Раштонзамин бо ҷалби ҳамаи идораву муассисаҳои Системаи ягонаи ҳолатҳои фавқулодда ба поён расид. Макони шартии ҳолати фавқулодда шаҳри Роғун интихоб шуд.

Ин тамрин бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳое гузаронида шуд, ки  дар ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳолатҳои

Шарҳи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба вилояти Суғд мулоқоти ҳайати шахсӣ бо ёвари прокурори ҳарбии вилоят Қурбонзода Р. баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид кардани тағйироту иловаҳо дар қонун  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва зуҳуроти манфии экстремизм ва терроризм дар ҷомеа баррасӣ шуд.  

Сухани рӯз

Расо ду сол пеш мо  Созишномаи Париж оид ба иқлимро қабул намудем, ки ҳадафу мақсадҳояш фарогир буда, роҳҳои асосии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисодиёти камкарбон муайян месозад.

Мутаассифона, бино бар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва

Баргузории ҷаласаи гуруҳи кории Платформаи миллии ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласаи гуруҳи кории доимамалкунандаи Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои коҳиши хатари ҳолатҳои фавқулодда дар сектори нақлиёт ва об мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар атрофи ин масъала ширкаткунандагон суханони мушовири байналмилалии Барномаи Рушди СММ У.Келлиро шуниданд. 

Дар Ситоди вилояти Хатлон оид танзими анъана ва маросимҳои миллӣ суҳбат карданд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарбек Шарифзода баргузор шуд.

Дар мулоқот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тағйироту иловаҳо ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шарҳу тавзеҳ дода шуд. 

Дарсҳои омӯзишӣ барои аҳолии чанд ҷамоати ноҳияи Варзоб

Комиссияи созмондодашуда аз ҷумлаи мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқшуда оид ба омӯзиши аҳолии як қатор ноҳияҳое, ки дар ҷойҳои эҳтимолии хатари офатҳои табиӣ ҷойгиранд, ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад.

Чунончӣ, гуруҳи корӣ дар тӯли ду рӯзи охир дар ҷамоатҳои деҳоти  «Зиддӣ», «Панҷхок»,«Деҳмалик», «Такоб», «Сафедорак» ва «Роғ»-и ноҳияи Варзоб бо мардум мулоқотҳо баргузор кард.

Суҳбат аз боби мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласа дар мавзуъи “Чораҳои муқовимат бо гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар бораи фаъолиятҳои собиқ Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ва манбаъҳои маблағгузории он” баргузор шуд, ки дар он намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишвар ҳузур доштанд.