Ахбори рӯз

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубори рӯи 12-уми май. Чӣ бояд кард? Чанд тавсияи муҳим

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари тағйири боду ҳаво рӯзи 12-уми майи соли равон дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст.

Давраи омӯзишӣ барои масъулони Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда дар Хатлон

Рӯзҳои 3-5 майи соли 2023 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи Нақшаи пурра намудани Маркази таълимӣ-методии Раёсати КҲФ дар соли 2023 ва мутобиқ ба Омӯзиши барномавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони масъули Комиссияҳои ҳолатҳои...

Се фоҷеа аз беэҳтиётӣ. Яке 80 сол дошту дигаре 32 ва сеюмӣ ҳамагӣ 4-сола буд

Аз 5 то 6 майи соли 2023 дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашуд, вале ҳодисаҳои нохуше, ки ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва нодида гирифтани ҳушдорҳои КҲФ иртибот доранд, сабт шуданд.

Пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд.

Идомаи чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ

Дар доираи барномаҳои якмоҳаи мудофиаи гражданӣ тайи чанд рӯзи охир кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб чорабиниҳо доир намуданд. Ин тадбирҳо як сислсила омӯзишҳо дар мавриди таъмини бехатариву амнияти наврасону навҷавононро дар мегиранд.

Санҷиши омодагиҳо ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд

мавсими оббозӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади фаъол гардонидани системаи хабардоркунӣ ва корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои оби қаламрави вилоят дар минтақаҳои тафреҳии шоҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов як сислсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намуданд.

Онҳо ҳамчунин дар мавриди омодагии тафреҳгоҳҳои вилоят ба мавсими оббозӣ ва фасли гарми тобистон санҷишҳо гузарониданд.

Страницы