КҲФ: Эҳтиёт кунед, тӯфони гарду ғубор!
Чоп шуд: 15/05/2024 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 16 майи соли 2024 бинобар тағйирёбии обу ҳаво дар навоҳии марказӣ ва ҷанубии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст.