Ахбори рӯз

Омӯзишҳо омодагӣ дар ноҳияи Муъминобод

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар қаламрави ноҳияи Муъминобод тамринҳои маҷмуъӣ оид ба мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин тамринҳо муддати се рӯз дар мавзуъи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартарафсозии офатҳои табиӣ ва истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ” гузаштанд.  

Ғолибони мусобиқоти бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷот эълон шуданд

Се дастаи беҳтарин дар мусобиқоти бозиҳои қаҳрамонии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва як сарвари беҳтарини тимҳои ширкаткунанда дар ҷамъбасти мусобиқот, ки рӯзе қабл дар варзишгоҳи  марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, эълон шуданд.

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ширкати Муҳтарами Ҳотам

Рӯзи забон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Нишасте, ки аз гузаштаи таърихӣ ва асолати забони модарии мо ёд шуд. Нишасте, ки аз поси забону тозагии он сухан рафт, нишасте, ки ҳамагон оид ба осори гаронмояи бузургони тамаддуни миллат иттило гирифтанд ва гуфта шуд, ки ин осори беш аз ҳазорсоларо ҳамин забон то ба имрӯзиён расонидааст. Забон аст, ки миллат тамаддуни худро ва ҷойгоҳи

12-умин мусобиқоти бисёрҳарба миёни наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оғоз шуд

12 –умин бозиҳои қаҳрамонии бисёрҳарба миёни воҳидҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин мусобиқот 7 даста аз ҷумлаи воҳидҳои наҷот ширкат мекунанд. Ба ҳайати ҳар тим наҷотдиҳандагони касбӣ дохиланд, ки бисёри онҳо дар кори бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои

Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ

Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустини ба дўш гирифтани масъулияти роҳбарии миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун фарзанди фарзонаи ин миллат, ҳифзу густариши забони миллиро дар мадди аввал гузошт. Аз ҷумла чораандешиҳо барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва барои амали

Страницы