Ахбори рӯз

Дарсҳои омӯзишӣ ба мутахассисони Хадамоти зидди жола

Барои кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳои такмили ихтисос ташкил шуд.

Дар ҷараёни ин омӯзишҳо ширкаткунандагон дар мавриди тартиб ва роҳандозии ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ аз жола, аз ҷумла низоми назорати радиолакатсионӣ, шинохтани

Дарсҳо ва тамринҳои омӯзишӣ дар Суғд

Дар ҷараёни омӯзишҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, неруҳо ва воситаҳо ба сел, обхезӣ, заминларза, бодҳои сахт ва кӯчонидани аҳолӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд. Дар ин омӯзишҳо зиёда аз 700 нафар иштирок карданд.

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар минтақаҳои осебпазири ноҳияи Рӯдакӣ

Омӯзишҳои пайваста ва донистани қоидаҳои бехатарӣ яке аз омилҳои коҳиши хатари офатҳои табаӣ ба шумор мераванд. Одамон ҳар қадар ин ин гуна қоидаҳо ошно бошанд, ҳамон андоза дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ва ё техногенӣ фаврӣ амал мекунанд.

Бар асоси Нақшаи тасдиқкардаи КҲФ оид ба омӯзиш додани

Мониторинги корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Рӯдакӣ

Пӯшида нест, ки махсусиятҳои иқлимиву геологии минтақаҳои Тоҷикистон сабабгори муттасил рух додани офатҳои табиие аз қабили омадани сел, обхезӣ, тарма ва ғайра мешаванд.

Барои иҷрои супориши Сарвари давлат  оид ба роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҳалҳо корҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ ва иншоотҳои саноатӣ аз таъсири манфии рӯйдодҳои ёдоваришуда гузаронида мешаванд. 

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳамоиши Хиогои Ҷопон оид ба коҳиши хатари офатҳо ширкат дорад

Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ ба Ҷопон рафтааст, оид ба татбиқи амалии барномаҳои коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суханронӣ кард. Вай Стратегияи Миллии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таҳкими коҳиши хатари

Страницы