Ахбори рӯз

Роҳе, ки сел баст, боз шуд

Асри рӯзи гузашта, дақиқан соати 17:40 дақиқа дар километри 22- ми роҳи мошингарди Лаби Ҷар - Сангвор-Дарвоз аз сабаби боришоти пуршиддат сел омад ва роҳи мазкурро барои ҳаракати нақлиёт ба мушкил рӯ ба рӯ кард.

Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилӣ (МДНРА)-и ноҳияи Сангвор барои роҳандозии корҳои поксозӣ

Вилояти Хатлон. Идомаи корҳои рафъи паёмадҳои сели харобкор. Талошҳо идома доранд

Панҷумин рӯзи сели харобкор дар ноҳияҳои Хуросон, восеъ ва Рӯдакӣ. Корҳои рафъи паёмадҳои сел идома  доранд. Ба назар мерасад кулли ниҳодҳои зиратб ба ҳолатҳои фавқулодда ва сокинон даст ба дасти ҳам мениҳанд ва барои ҳарчи зудтар бартараф кардани харобкориҳои сел талош мекунанд. Ва дирӯз дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Раиси комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулода У.Зоҳирзода

Идомаи корҳои наҷот дар Хатлон. Паёмадҳои сели харобкор дар аксҳо

Дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон корҳои бартарафсозии оқибатҳои сели харобиовари рӯзи 21-уми март идома доранд.  Рӯзи 23 марти соли равон Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 4 манзили истиқоматии ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро бо истифода аз насос

КҲФ: ба диққати волидайн- бахши навбатии филми омӯзишии тасвирӣ барои кӯдакон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз сироят ба коронавирус бахши навбатии филми тасвириро барои кӯдакон пешкаш мекунад. Филми тасвирӣ аз ҷониби ҳамкасбони мо аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки Хазинаи кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ таҳияи шудааст.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ду рӯзи оянда аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми марти соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор хоҳад буд, боронҳои шадид меборанд, раъду барқ ва бориши жола низ дар назар дошта шудааст.

Страницы