Вохуриҳо бо аҳолии Норак ва Файзобод
Чоп шуд: 25/08/2020 | redaktor
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни тамоми қишри аҳолии кишвар мунтазам чорабиниҳо баргузор мекунанд.
Бо ин мақсад кормандони Кумита бо аҳолии шаҳри Норак ва дар маркази ноҳияи Файзобод корҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва баргузор намуданд.