Ахбори рӯз

COVID-19: Санҷиши ҳудудан 200 воксан дар олам. Олимони Маҷористон мегӯянд вирус ба гармӣ устувору тобовар аст

То субҳи имрӯз, 22 сентябри соли 2020 дар саросари олам 31 миллиону 485 ҳазору 356 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Аз ин беморӣ то кунун 23 миллиону 113 ҳазору  489 нафар муолиҷа шуданд. Бар асари ин беморӣ дар ҷаҳон 969 ҳазору 298 нафар фавтидандҲудудан 200 воксан аз COVID-19 дар саросари олам таҷриба мешавад, гуфт дар брифинги матубтӣ сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус.

Ду садамаи маргбор: Яке дар Поймазори Ванҷ ва дигаре дар Анзоби Айнӣ. Се нафар куштаи ин ду садама. Ронандаҳо эҳтиёт намекунанд

Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  дар ВМКБ нимишаби рӯзи 20 сентябри соли равон, тахминан соати 22:20 дақиқа  дар километри 80-уми роҳи мошингарди маҳаллӣ, дар мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шуд.

Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дору ва лавозимоти тиббӣ кумак карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода рӯзи 19 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи коронавирус, ки Бахши Агентии Оғохон оид ба

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

17 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи амалкунандаи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Ҷаласа таҳти раисии сардори Сарраёсати Кумита – котиби масъули Платформаи миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов доир гардид.

Имдодгарони Кумита тифлеро, ки паси дари баста танҳо монда буд, наҷот доданд. Чанд маслиҳати муфид ба волидон

Инҳодиса дирӯз рух дод. Як сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахти кишвар ба телефони “112” занг зад ва хабар дод, ки дари оҳании манзилаш баста шудаву калидро фаромӯш кардааст ва кӯдакаш дар даруни хона танҳост.

Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи

Страницы