Ахбори рӯз

Дидору мулоқотҳо дар ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон

Бо мақсади таълим ва омӯзонидани аҳолии деҳаҳои дар минтақаҳои аз падидаҳои табиӣ хатарнок, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон якҷо бо намояндагони ташкилоти байналмилалии Caritas Швейтсария бо ширкати 8 раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон машқҳои амалӣ ва вохӯриҳои...

Се соҳибҷоизаи Кумитаи ҷавонон аз миёни наҷотдиҳандагони ҷавони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуд ва соҳибҷоизаҳо дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҷавононро ном бурд.

Чунончӣ, дар номинаи “Барои ҷасорат ва мардонагӣ” ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ се нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди...

Баргузории ҷаласаи Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Интиқоди генерал Назарзода аз фаъолияти ду Сарраёсати Кумита

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, бо иштироки сармутахассиси Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Далершо Ҳусейнов ҷаласаи ҳайати мушовара дар бораи натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ ва хизматӣ барои соли 2020

Садамаи фалокатбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд: Панҷ сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расиданд. Ҳама як авлоду ронанда ҳамсоя

7-уми январи соли раовн тахминан соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб  мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини  деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд. Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи...

Ҳавои сард бо 11 – уми январ боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳавои сард дар аксари минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон то 11 январи соли 2020  шабона боқӣ мемонад. Ҳарорат дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12-17 то 16-21 шабона, дар шарқи ВМКБ шабона 36-41, рӯзона 20-25 хунук (дар минтақаи Булункӯл шабона 50-52 шабона, рӯзона 33-35 сард) мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барфи сабук ва дар баландкӯҳҳо бориши шадид дар назар аст.

Страницы