Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боронҳои шадид ва раъду барқ дар кишвар

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми май дар як қатор ноҳияҳои мамлакат (ғайр аз ВМКБ) борон меборад, раъду барқ мешавад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои тобеъи марказ аз шиддати боронҳои шадид омадани сел эҳтимол дорад. Обуҳавошиносон ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш, Сурхоб, Обихингоб, Зарафшон ва Исфараро пешгӯӣ мекунанд.
Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад ба хотири таъмини амнияти шахсӣ дар ин ду рӯз аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ё занбурӯғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд. 
Ба бачаҳо бештар диққат диҳед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред.  

КҲФ ҳамчунин аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо дар наздикии обанбору дигар махзанҳои об ҳузур наёбанд, моҳидорӣ нараванд.
Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди селу селоба ба ҳавлиҳо, заминҳои кишт сари вақт тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳо ба мақсад мувофиқ аст. 

барчасп: