Ахбори рӯз

Омодагии имдодгарон дар соҳилҳои дарёи Сир

Тафреҳгоҳи соҳили рости шаҳри Хуҷанд яке аз мавзеъҳоест, ки ҳамасола ҳазорон нафар ташриф оварда, истироҳат мекунанд. Ин мавзеъ як фироргоҳ аз гарморо мемонад ва баъзан чунон одамони зиёд аз гирду атроф ҷамъ меоянд, ки ҷойи поймонӣ пайдо намешавад. Мавсими гармо одамонро бештар ба соҳили обҳо меорад, вале на ҳама қоидаҳои оббозиву шиновариро медонанд.

Пешгирии аз ҳаводиси нохӯш. Санҷишҳо дар тафреҳгоҳҳои қаламрави Душанбе

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ба хотири пешгирӣ аз хавфу хатарҳои эҳтимолӣ дар обҳо дар остонаи фасли гарм дар махзанҳои оби “Чорбоғ”, “Душанбе”, “Кӯли ҷавонон” ва “Варзоб”, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе мебошанд, рейд гузарониданд ва омодагии ин тафреҳгоҳҳоро ба қабули истироҳаткунандагон

Наҷоти ду ноболиғи 14-сола дар оби дарёи Сир

7-уми июни соли 2021 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти ду ноболиғ шуданд, ки яке 10 сол дошту дуюмӣ 14 сол. Ин ҳодиса дар соҳили дарёи Сир рух дод.

Навбатдорон аз ҷумла наҷотдиҳандагони Раёсат ду ноболиғеро, ки  дар қаламрави шаҳри Хуҷанд дар оби дарёи Сир ғарқ мешуданд, наҷот доданд.

Рейдҳо дар соҳили обҳои кишвар. Истироҳаткунандагон бояд аз қоидаҳои оббозӣ бохабар бошанд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими оббозӣ пайваста дар соҳили махзанҳои об рейдҳо мегузаронанд. Ин гуна чорабиниҳо бо мақсади санҷишу тафтиши риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ҷараёни роҳандозии ин рейдҳо омодагиҳои хадамоти наҷот дар тафреҳгоҳҳо санҷида шуданд.

КҲФ: Аз ҳавои гарм эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон  хабар медиҳад, ки бар асари вуруди ҳавои гарму хушк аз минтақаҳои ғарбӣ дар қаламрави кишвари мо ҳавои гарм ва хушк боқӣ мемонад.

Дамои ҳаво дар водиҳо 37+42, дар ноҳияҳои ҷануб то +44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Страницы