Тамрини мудофиаи гражданӣ дар Раёсати Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Раёсат дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2021 бо мақсади санҷидани сатҳӣ омодагии ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он, рўзи 16 июли соли 2021 дар Раёсат тамрини  ситодии мудофиаи гражданӣ  баргузор кард.

Соати 06:00 дақиқа аз тарафи нуқтаи Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсат бонги «Ҷамшавӣ» барои ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он эълон карда, ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар муҳлатҳои муаянгардида ба ҷой хизмат ҳозир шуданд.

Соати 07:30 дақиқа аз тарафи роҳбарияти Раёсат ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз назар гузаронида шуда, камбудиҳо ва норасогиҳои ошкоргардида сари вақт аз тарафи ҳайати шахсӣ бартараф карда шуд.

Соати 16:22 дақиқа тамринро ситоди роҳбарикунанда ҷамъбаст намуд ва барои бартараф намудани камбудиҳо дастурҳои лозим дода шуд. 

М.Муйдинов