Ахбори рӯз

Ҳавои сарду бодҳои тез. Борони водиҳову барфи баландкӯҳҳо. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад.

Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои техникӣ тақдим намуд

Бо мақсади боло бурдани иқтидори техникии кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи татбиқи дуҷонибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда миёни КҲФ ва намояндагии Созмони ҷаҳонии Салиби Сурх дар Тоҷикистон 6-уми октябри соли равон маросими...

Вазъи КОВИД-19 дар олам: Сироятёфтагон беш аз 36 миллион нафар. Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки иқтисоди ҷаҳон зиёд зарар намебинад

Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам аз 36 миллион гузашт ва аз  марги беш аз як миллиону 504 ҳазору 600 нафар хабар дода мешавад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 40 сироятшудаи нав хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун дар  Тоҷикистон ба коронавирус бештар аз 10 ҳазор нафар сироят шуда,  88,2 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.
Дар Берлин
тадбирҳои беҳдоштӣ шадидтар мешаванд.

Коронавирус дар олам: Аврупо дар гирдоби маҳдудиятҳои нав. Дар Тоҷикистон 88,1% мубталоён муолиҷа шуданд

6-уми ноябри соли равон шумори  гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон ба 35 миллиону 709 ҳазору 955 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун дар олам бештар аз 1 миллион нафар фавтидаанд. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 78 ҳазору 517 нафар сироят шуда, 1 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 26 миллиону 878 ҳазору 379 нафар муолиҷа шудаанд.

Мулоқот бо мутахассиси забон дар Рӯзи забон

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдуманнон Одинаев-муаллими факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид.

Бо мақсади арҷгузорӣ, эҳтиром ва нигоҳ доштани забони

Страницы