Ахбори рӯз

Наҷоти ду ҷавоне, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Варзоб расонда буданд

Рӯзи гузашта, 8-уми июл ду ҷавон, ки яке 26 ва дуюмӣ 20 сол доштанд,  ба қасди худкушӣ ба дарёи Варзоб, минтақаи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати дидбонгоҳи БДА “Чорбоғ”) омаданд. Яке аз ин ҷовонон сокини деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини шаҳри Душанбе буданд. Аз қасди худкушии онҳо ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе навбатдори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, майори милитсия М.Достизода хабар дод.

Аз 331 ҳодисаи фавқулода дар шаш моҳ ба вилояти Суғд ҳудудан 22 миллион сомонӣ зарар расидааст

Дар маҷлисгоҳи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вилоят ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсат инчунин шўъба ва бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо давоми нимсолаи аввали соли 2021 натиҷагирӣ гардид. Ҷаласаро сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, рўзномаи ҷаласаро ба ҳозирин шинос...

Тобистони бехатар. Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои Суғд

Бо гарм шудани ҳарорати ҳаво маъмулан аксарияти одамон барои раҳоӣ ефтан аз гармо, барои истироҳату фароғат ба маҳзанҳои об, назди соҳилҳои рӯдхонаҳо мераванд. Албатта обутоби бадан барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонӣ фоидаовар мебошад, вале набояд фаромӯш кунем, ки дар баробари фоиданок будани оби дарё, сабани фалокат низ шуда метавонад, вайрон кардани...

COVID-19: Марги боз ду нафар дар Тоҷикистон. Аврупо дар интизори мавҷи чорум

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 185 миллиону 858 ҳазору 424 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ аз аввали ҳамагирӣ 4 миллиону 017 ҳазору 916 нафар ҷон бохтаанд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия ва Фаронса дар ҷадвали сироятёфтагон чор мақоми аввалро ишғол мекунанд. Русия дар ин ҷадвал дар ҷойи чорум ва Туркия, Британияи Кабир, Аргентина, Колумбия ва Италия ҷойҳои баъдиро ишғол кардаанд.

Шаш ғарқшудаи як рӯз дар вилояти Суғд. Марги чор наврас аз як деҳа. Наҷоти як бонуи 35-сола

Панҷ марг ва чаҳор навраси орзу ба хокбурда. Ва ин чор наврас ҳамагӣ сокинони як рустоянд ва шояд хешу табор ҳам бошанд. Ва боз ҳам қисса аз беназоратии волидон. Киро метавон гунаҳгор донист? Маълум нест ин чаҳор нафар аз Истаравшан бо кӣ ва кай Хуҷанд рафтаанд. Тафсилоти рӯйдод таҳқиқи дигар мехоҳад. Вале он чӣ рух дод, мудҳиштарин фоҷеаи рӯз буд...

Страницы