Кумаки техникии Салиби Сурх ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади баланд бардоштани зарфиятҳои техникии дастаҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Намояндагии Салиби Сурхи байналмилалӣ дар Тоҷикистон 3 сентябри  соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот баргузор шуд.

Тахти хоби тиббӣ, тонометр, термометрҳо, биксҳо, бандинаҳо, сепоя аз ҷониби Намояндаи Салиби Сурхи Байналмилал таҳвил дода шуданд.

Ҳамаи воситаҳои супурдашуда аз ҷониби наҷотдиҳандагони КҲФ дар ҷараёни роҳандозии амалиётҳои садамавиву наҷот истифода хоҳанд шуд. 

барчасп: