Заминларзаи субҳи имрӯз. Бе талафоти ҷониву хисорот

Соати 09:50 дақиқаи субҳи имрӯз, 2-уми сентябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки  маркази он 190 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе,  дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар марказаш 4-5 балл,  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

барчасп: