Муъҷизаи навбатӣ дар заминларзаи Туркия: Имдодгарони тоҷик писарбачаи сесоларо аз зери вайронаҳо зинда берун оварданд! (ВИДЕО)
Чоп шуд: 13/02/2023 | redaktor
12 феврали соли 2023 баъди ҷустуҷӯву кофтуковҳои зиёд бо истифода аз таҷҳизоти махсуси ҷустуҷӯи одам дар ноҳияи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон писарбачаи сесоларо бо исми Явуз аз зери вайронаҳо зинда берун овраданд.