Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст!
Чоп шуд: 31/01/2023 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво зарфи чанд рӯзи охир ва баъдан боридани барфу борон аз 31-уми январ то 2-уми феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.