Мудофиаи гражданӣ

Оғози тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ

26 июли соли 2022 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд тамринҳои маҷмуъиро оғоз карданд.

Ин омӯзишҳо муддати се рӯз дар мавзӯи “Амали ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои офтати табиӣ ва истифодаи қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия” хоҳад гузашт.

Омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода

Тамрини маҷмуъии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави шаҳри Турсунзода се рӯз дар се марҳила идома дошт.  Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷузъу томҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия, наҷот додани одамон дар ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд.

Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

20 июли соли 2022 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 кормандони КҲФ дар Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машкхои мудофиаи гражданй ташкил ва гузаронданд.

Дар Ҳисор амал ҳангоми заминларзаро тамрин карданд (ВИДЕО)

Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Ҳисор машқҳои мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарӣ, комиссия, қувва ва воситаҳои ҳудудии зерсистемаи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр дар ҷараёни роҳандозии чорабиниҳо оид ба рафъи оқибатҳои заминларзаи 7 бала” баргузор шуд.

Ҷамъомадҳои таълимӣ-методӣ бо масъулини шуъбаҳои оперативӣ ва сафарбарии раёсатҳои Кумита

Рӯзҳои 29-30 июни соли 2022 ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо масъулини шуъбаҳои оперативӣ ва сафарбарии раёсатҳои Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Кӯлоб, қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷамъомади мазкурро муовинони Раиси Кумита полковник Исозода С. ва полковник Иброҳимзода И. ифтитоҳ намуда...

Страницы