Наҷот

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як автомати “Калашников”-ро аз ҳавз пайдо карданд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили ҳавзи ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар як автомати “Калашников”-ро пайдо ва ба мақомоти милитсияи вилоят супурданд.
Ахиран ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон хабар доданд, ки ҷинояткорон ҳангоми

Наҷоти одамон дар мошини «Opel Vectra», ки ба дарё сарнагун рафта буд

Бар асари роҳандозии амалиёти наҷот ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар шуд, ки аз мошини ба дарё рафтаи тамғаи «Opel Vectra» одамонро наҷот диҳанд. 
Сокини 27-солаи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ҳангоми ҳаракат ба дарё сарозер шуд.  Танҳо бар асари амали фаврии наҷоти кормандони бахши ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Ситоди шаҳри Душанбе, ки зуд ба ҷойи ҳодиса расиданд, аз марги ронанда ва мусофирони он пешгирӣ шуд.

Наҷоти зани 58-солае, ки худро дар об ғарқ карда буд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зани 58-солаеро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот доданд.
Ин ҳодиса дар соҳили дарёи  Сир рух додааст. Хонуми 58-сола бо қасди поён додан ба ҳаёташ ва раҳоӣ аз қайди мушкилот мехост аз болои пул худро ба зер афканад.
Ин зан бидуни андешаи дигар худро ба оғӯши дарёи пурхурӯш андохтааст ва дар ҳамин асно чашми кормандони

КҲФ барои санҷиши маҳорати кормандонаш мусобиқоти наҷот ташкил кард

Даҳумин мусобиқаи имдод ва наҷот миёни  хадамоти вежаи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи рӯзи 15-уми октябр оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 17-уми октябр идома кунад.
Дар ин мусобиқот ҳамаи наҷотдиҳандагони штатии воҳидҳои мухталифи КҲФ ширкат доранд.
Мусобиқа дар машқгоҳи давраи Варзоб аз рӯйи эстафета дар

Амали фаврии кормандони наҷоти КҲФ

2 октябри соли 2016 бар асари  бориши борон ва риоя нашудани меъёрҳои сохтмон ҳангоми роҳандозии корҳои васлгарӣ ва гузоштани қубурҳои обгузар дарёи Лучоб самти ҳаракати худро тағйир дод. Дар натиҷа таҳхона ва ҳавлии хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки дар шаҳраки донишҷўён ҷойгир аст, об зер кард.  
Бар асари роҳандозии корҳои фаврӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон

Страницы