Зани масчоҳие ба қасди худкушӣ худро ба оди сарди дарёи Сир андохт, ба дасти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот ёфт
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз оби сарди дарё зани ҷавонеро берун кашиданд, ки мехост худкушӣ кунад.
Ин ҳодисаи тахминан соати 8:30 дақиқаи рӯзи гузашта, 27-уми феврал рух дод. Сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, соли таваллудаш 1989 аз болои пули дарёи Сир худро ба оби сарди он ҳаво дод.
Дар ин ҳол ба наҷотбахшони Кумита лозим омад худро ба об андозанд ва занро аз чанголи марги иҷборӣ наҷот диҳанд. Барояш аввалин кӯмаки тиббӣ расониданд.
Вай аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард. Дар айни замон худро солим ҳисс мекунад.