Наҷот

Наҷоти зане, ки дар Сир мехост худкушӣ кунад

Зани масчоҳие ба қасди худкушӣ худро ба оди сарди дарёи Сир андохт, ба дасти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда наҷот ёфт
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз оби сарди дарё зани ҷавонеро берун кашиданд, ки мехост худкушӣ кунад.
Ин ҳодисаи тахминан соати 8:30 дақиқаи рӯзи гузашта

Наҷоти мошин ва мусофирони он аз зери тарма

Кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як мошини зери тарма мондаро бо ронанда ва чор мусофири он аз зери тарма берун кашиданд. Яке аз мусофирон зане бо тифли хурдсолаш буд.
Бар асари лағзиши тарма, ҷамъшавии ғарамҳои барф дар 68-умин километри роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд соати 22:30 дақиқаи шоми 14-уми феврали соли равон мошини тамғаи “Опел-Зефира” бо ронанда ва чор мусофираш зери барф монд. Дар миёни ин чор тан зане бо тифли кӯчак низ буд.  Ин мошин аз Душанбе ба самти Хуҷанд роҳ пеш гирифта буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма ҳамоно таҳдид мекунад!

Бар асари роҳандозии корҳои наҷот дар шаби 28 ба 29-уми январ наздик ба 500 нафар одамон ва 30 мошини боркашу 60 мошини сабукрав дар шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд аз муҳосираи тарма ба макони амн интиқол дода шуд. Як нафар бенишон ғайб задааст.
28-уми январи соли 2017 бар асари 40 мавриди лағзиши тарма дар километрҳои аз 51 то 71 – уми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд ҳаракати мошинҳо масдуд шуд ва бештар аз 100 мошин дар

Ҳалокати ронанда ва мусофири дигар дар “Ҳендай-Соната”-и сарозершуда дар Панҷ

Дар 348-умин километри шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ  мошини тамғаи “Ҳендай-Соната”, ки аз ҷониби сокини 35-солаи шаҳри Хоруғ идора мешуд, аз баландии 35 метр ба дарёи Панҷ сарозер шуд. 
Ҳангоми ҳодиса ҳамроҳ бо ронанда дар мошин боз сокини 47-солаи ноҳяи Шуғнон низ менишаст.
Барои баргузории чораҳои ҷустуҷӯиву наҷот аз ҷумлаи кормандони Маркази наҷот ва наҷотбахшони Ситоди ҳолатҳои

Страницы