Бобохон Маллахонов, чӯпон аз Амондара барои сари вақт огоҳ кардани сокинон ва ҷилавгирӣ аз талафоти ҷонӣ бо медали “Ба иштирокчии рафъи ҳолатҳои фавқулода” сарфароз гардонида шуд.
Бобохон Маллахонов, ки солҳои сол моли мардумро бонӣ мекунад, рӯзи сар задани офати табиӣ бо рамаи гӯсфандон дар чарогоҳ буд. Вай аз баландӣ дид, ки сели азим ба рустоҳои Амондара сарозер мешавад ва аз тариқи телефони мобилии худ сокинонро огоҳ кард. Дар натиҷа касоне, ки хонаҳояшон дар селроҳа буд, ҷони худу ҷони фарзандонашонро аз хатар наҷот доданд.
Ин буд, ки дар офати табиии рӯзи 26-уми июн талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Зиракӣ ва амали фаврии як чӯпон боис гардид, ки пеши роҳи хатар гирифта шавад.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷараёни боздидаш аз макони офат ба Бобохон Маллахонов барои ин амали сутуданиаш як телевизори ранга туҳфа кард.
Бо фармони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Бобохон Маллахонов бо медали “Ба иштирокчии рафъи ҳолатҳои фавқулода” сарфароз гардонида шуд.