Наҷотдиҳандагон мошини фурӯрафта дар каналро берун кашиданд

Ба ҳушдорҳои мукаррари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ нигоҳ накарда, ронандагон бе риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва бе риояи суръат дар ҳавои тунди боронӣ боз ҳам ҳаракатҳои хатарнокеро бо мошинҳои худ анҷом медиҳанд.

Чунончӣ, ҳангоми ҳаракат ронандаи мошини танғаи “Чарху”, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе суръатро баланд кард ва дар натиҷа ҳангоми гардиш аз уҳдаи идораи он набаромад ва бо ҳамон суръати баланд мошин ба канали дереватсионии канори пойтахт бархӯрд.

Ҳангоми садама дар мошин ронанда танҳо буд ва ӯ тавонист худро аз дар берун ҳаво диҳад ва наҷот ёбад.

Кормнадони гуруҳи зудамали наҷоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе сари вақт ба маҳалли ҳодиса расиданд ва мошинро аз канал берун кашиданд. 

Бори дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роннадагон хоҳиш мекунад қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд ва ҷони худу атрофиёнро дар хатар наяндозанд!  Ҳар ронандае, ки қасди ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ дорад, дар ин фасли сарду пурбориш бояд ҳатман бо худ воситаҳои зидди лағзиш дошта бошад.

барчасп: