Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сардиҳои ҳавои чанд рӯзи оянда
Чоп шуд: 23/11/2017 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 26 то 27-уми ноябри соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла борони гузаранда ба барфи тар дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ, шиддати бод, ки дар як сония аз 13 то 18 метр мевазад, дар назар дошта шудааст.