Панҷ рӯз баъди фоҷеа: роҳи Душанбе-Хуҷандро ба тартиб меоранд

Ин гузориш, чуноне аз сарлавҳааш пайдост, дар паҷумин рӯзи тарма ва фоҷеаи 8 нафар таҳия шуда буд. Аммо имрӯз ҳам он аҳамияти худро гум накардааст. Зеро корҳои наҷоти одамон ҳарчанд анҷом шуданд, вале роҳҳо ҳамоно пурхавфу хатаранд. 

"КАМАЗ”-и чаппашуда, мошинҳои сабукрави зери барфмонда ва ғарамҳои барф дар роҳҳо - ҳамаи ин оқибатҳои лағзиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аст, ки ҳоло ҳам боқӣ монда. Рӯзҳои истироҳати сипаришуда наздик ба 60 ҳодисаи тарма ба қайд гирифта шуд. «Открытая Азия онлайн» ҳамроҳ бо шариконаш аз медиагуруҳи “Азия-плюс” ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва ҷузъиёти фоҷеаро шуниданду роҳҳоро бо чашмони худ диданд.

Роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷандро бисёр вақт роҳи зиндагӣ меноманд. Гап сари он аст, ки ин ягона роҳест, ки маркази Тоҷикистонро бо манотиқи шимолии он мепайвандад; ин роҳ то мавзеъи Чаноқ 410 километр масофа дорад ва аз соли 2010 роҳи пулакист. Бештар аз 10 сол пеш ин роҳ дар фасли зимистон комилан баста мешуд, зеро барои он ки аз он убур кунанд, ронандагон мебоист қуллаи ағбаи Анзобро фатҳ мекарданд ва ин роҳе дар Осиёи Марказӣ буд, ки зимистон хеле хавфовар ва хатарнок. 

Дар соли 2006 Тоҷикистон ва Эрон муштаракан ба бунёди нақби Анзоб шуруъ карданд ва баъди сохта шудан он номи “Истиқлол”-ро гирифт ва тамоми сол фаъол шуд.

Каме баъдтар ширкати чинии China roud дар наздикии нақб  24 нақби хурдеро сохт, ки он мебоист роҳро аз ин гуна ҳодисаҳои фавқулодда ҳимоя мекард. Ба андешидани ин ҳамаи чораҳои эҳтиётӣ нигоҳ накарда, дар ин мавзеъ зимистон бар асари лағзиши тарма ва баҳору тобистон дар натиҷаи омадани селу ярч одамон ҷабр мебинанд. Ва имсол низ истисно набуд.

28-уми январи соли равон дар натиҷаи лағзиши тарма дар шоҳрҳи Душанбе-Хуҷанд бештар аз 200 мошин дар муҳосира монд ва ҳудудан 800 нафар одамон аз ҷумлаи мусофироону ронандагони ин мошинҳо, бо шумули занону кӯдакон зери хатар монданд. Ҳашт нафари онҳо ба ҳалокат расиданд, як нафар бенишон ғайб зад. 

Дар остонаи ин фоҷеа Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ронандагонро ҳушдор дода буд, ки сафар бо ин роҳ хатар дорад, чун хавфи лағзиши тарма таҳдид мекунад. Вале на ҳамаи онҳо ба ин тавсияҳо гӯш фаро доданд. 

«Мо минбаъд низ бо аҳолӣ кор мекунем, ба онҳо мефаҳмонем, ки чӣ бояд кунанд, то ба ин гуна ҳолатҳои фавқулодда наафтанд ва агар рафту дар ин гирдоб ҳам монданд, пас бояд чӣ кор кунанд. Барои ин мо сомонаи худро бо таҷдиди нав роҳандозӣ кардем, аз тариқи ВАО сокинонро огоҳ мекунем. Аммо мутаассифона, ба тавсияҳои мо на ҳамеша гӯш медиҳанд. Масалан, шаҳрвандоне, ки дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар монданд ва дар иҳотаи тарма буданд, ба наҷотдиҳандагони мо гуфтанд, ки ҳушдори Кумитаро дар мавриди лағви сафарҳои бидуним зарурат шунида буданд, медонистанд, ки тибқи ахбори КҲФ дар роҳҳои куҳӣ рафтан хатар дорад, вале умед доштанд ин мегузарад”,-мегӯяд Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода.  

«Одамон лағзиши тармаро дар телефонҳои мобилии худ ба навор гирифтанд”

Ҳоло дар роҳи  Душанбе – Хуҷанд тақрибан мошин ба назар намерасад ва ғайри одати маъмул нақби “Истиқлол” низ холӣ ба назар мерасад. Субҳи рӯзи 31-уми январ ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуда буд. Вале бо вуҷуди ин хатари тарма рафъ нашудааст, ронандагон талош мекунанд ба сафар набароянд. Гузашта аз ин аз 1-уми феврал ҳаракати мошинҳо танҳо аз самти Хуҷанд сурат мегирад ва аз Душанбе ин ҳаракат маҳдуд карда шудааст. Тибқи ҷадвали тартибдодаи Вазорати нақлиёт ва Раёсати бозрасии автомобилии ВКД Тоҷикистон мошинҳо ба самти Хуҷанд танҳо дар рӯзҳои ҷуфт ва аз Хуҷанд ба Душанбе дар рӯзҳои тоқ бояд ҳаракат кунанд. Ин ҷадвал то охирин лаҳзаи тоза шудани барф аз роҳҳо боқӣ мемонад.   

Тарма рӯзи 28-уми январ омад, баъди якуним соати он отряди КҲФ аллакай ба ҷойи ҳодиса расид, вале то омадани мо ҳам наҷотдиҳандагони Кумита дар ҷойи рӯйдод, ки аз ду самт фаъолият мекунанд, даст ба кор зада буданд”,- мегӯяд полковники КҲФ Олег Пилкевич. 

Бино ба гуфтаи ӯ кормандон ба муҷарради расидан даст ба амалиёти наҷот заданд ва дар интиқоли мошинҳову одамон ба макони амн кӯмак расонданд. Вазъ тақрибан ин гуна буд: бо омадани аввалин тарма дар роҳ барф ғарам шуд, мошинҳо бозистоданд ва дар муҳосира монданд ва офат ба сари онҳо низ рехт. Қисме аз мошинҳо зери барф монданд, баъзеи дигар миёни роҳ дар байни тарма қарор гирифтанд. Бино ба гуфтаи шоҳидон касоне қурбон шуданд, ки дар он ҳолат аз мошинҳо берун шуданд, то ки ҷараёни лағзиши тармаро дар телефонҳои худ наворбардорӣ кунанд. Ҳамаи касоне, ки дар дохили мошинҳо монда буданд, наҷот дода шуданд.

«Мо бидуни истироҳату танаффуз 36 соат кор кардем, кори моро барфи тар ва эҳтимоли омадани тармаи дигар вазнинтар кард,-идома медиҳад Пилкевич.- Вале барои мо зарур буд, ки ҳарчи зудтар одмони дохили мошинҳо, бахусус занону кӯдаконро берун оварем. Ба ҷабрдидагону дар муҳисирамондагон маводи ғизоӣ меовардем. Баъди 36 соат ҳамаи дар муҳосирамондагон наҷот дода шуданд ва мо ба тоза кардани роҳҳо шуруъ кардем”.

Ҳоло ҳам хафви фаромадани тарма рафъ нашудааст, аммо наҷотдиҳандагони Кумита корҳоро барои берун овардани мошинҳои зери ғарами барфҳомонда идома медиҳанд: дар ин мошинҳо одамон нестанд, соҳибонашон барвақт ба маҳалли амн интиқол ёфтаанд. Дар 65-умин километри роҳ низ корҳои ҷустуҷӯиву наҷот идома доранд, дар ин бахш наҷотбахшон одами бенишон гумшударо меҷӯянд.  Барои ин аз баландии тақрибан 700 метр ба поён мераванд, ғарамҳои барфро такорӯ мекунанд. Дар ин қисмат тарма девор сохтааст; аз зери ҳамин барфтӯдаҳои азим ҷасади 8 нафар берун оварда шуда буд.

«Бори охир ин гуна фоҷеа дар ин минтақа соли 2014 рух дода буд,-нақл мекунад Пилкевич.- Аммо дар қиёс ба солҳои пеш ин бор муваффақ шудем, ки фавритар амал кунем. Дар роҳ техника зиёдтар аст, ҳамроҳ бо мо мутахассисон аз ВКД , Вазорати нақлиёт, ширкати роҳи  IRS заҳмат кашиданд. Мо дар якҷоягӣ муваффақ шудем, ки одамонро интиқол диҳем ва роҳҳоро тоза намоем”. 

Аскҳо аз Нозим Қаландаров

Бозчоп аз сомонаи “Азия-плюс”

барчасп: