Робитаҳои байналмилалӣ

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки ҷаҳонӣ

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқот бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба рушду тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
1 - уми марти соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии мутахассиси пешбари амалиётҳои бонкӣ хонум Радҳика Сринивасанро ба ҳузур пазируфт.

Хазинаи Шоҳ Салмон бунёди Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро сармоягузорӣ мекунад

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин таҳкими сохторҳои мавҷудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Сафорати Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома дар бораи сохтмони Маркази миллии таълимии КҲФ баргузор шуд.

Гуруҳи техникии РЕАКТ аввалин ҷаласаи худро дар ин сол баргузор кард

Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода ҷаласаи гуруҳи техникӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуди ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.
Ҷаласа дар доираи татбиқи қарорҳои қабулшуда дар ҷамъомади навбатии Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуд ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, ки ҳафтаи гузашта

Амрико ба кӯмакҳояш дар таҳкими зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад

Сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст ба кӯмакҳояш ҷиҳати коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ идома диҳад.
7-уми феврали соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва

Изҳори миннатдории Шоҳзода Карим Оғохони IV ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Шоҳзода Карим Оғохони IV бо ирсоли нома аз ҳамкориҳои Хазинаи Оғохон бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда изҳори миннатдорӣ намуд ва хостори густариши бештари ин ҳамкориҳо дар оянда шуд.
2 – уми феврали соли 2017  бо ташаббуси Хазинаи Оғохон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Намояндаи доимии Хазинаи Оғохон дар

Страницы