Сафири Амрико дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш омода аст ба кӯмакҳояш ҷиҳати коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ идома диҳад.
7-уми феврали соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар ҶТ хонум Элизабет Миллард баргузор шуд.
Сарвари КҲФ хонум Миллардро бо самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷмҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла тадбирҳо барои бартарафсозии оқибатҳои тармаи аввали соли 2017 дар қаламрави кишвар шинос намуд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти коҳиши хатари офатҳо, масъалаҳои алоақаманд ба иттилоърасонӣ ва хабар додани аҳолӣ дар бораи хатарҳо ва таҳдидҳо, густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, имкониятҳои беҳбуди базаи моддӣ-техникии КҲФ-ро мавриди барарсӣ қарор доданд.
Хонум Элизабет Миллард изҳор дошт, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба кӯмакҳояш ба кишвари мо дар масъалаҳои коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва таҳкими зарфиятҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад.
«Ҳукумати мо ҳамеша омода аст Тоҷикистони дӯстро ҳамаҷониба дастгирӣ кунад, бахусус дар масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ аз хатар ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда амалан кӯмак расонад”,- гуфт Элизабет Миллард.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба натиҷа расиданд, ки бояд механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ИМА идома дода шаванд, чун онҳо дар оянда низ имкон хоҳанд дод масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ самаранок ҳаллу фасл шаванд.