Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқот бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба рушду тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
1 - уми марти соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии мутахассиси пешбари амалиётҳои бонкӣ хонум Радҳика Сринивасанро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба меҳмонон дар бораи вазъи ба амаломада дар кишвар, ҳамчунин роҷеъ ба фаъолиятҳои Кумита, қисмҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалии ниҳод нақл кард.
Хонум Сринивасан бо изҳори миннатдорӣ аз қабули гарм қайд кард, ки Кумита ахиран дар пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ, аз ҷумла дар бартарафсозии оқибатҳои лағзиши тарма хеле корҳои муфидро анҷом додааст. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ба рушду тавсеъаи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таъкид кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар карданд ва масъалаҳои барои ду тараф манфиатоварро баррасӣ намуданд.