Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Кумита, полковник М.Салимзода ҷаласаи гуруҳи техникӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуди ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор гардид.
Ҷаласа дар доираи татбиқи қарорҳои қабулшуда дар ҷамъомади навбатии Гуруҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуд ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, ки ҳафтаи гузашта оид ба коркарди Стратегияи милии идораи хатар бар асоси тавсияҳои “Барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030” қабул шуда буд, доир гардид.
Дар ҷаласа намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Иштиродорон ҳамчунин нақшаи солонаи РЕАКТ-ро барои соли 2017 ва ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии гуруҳи техникиро баррасӣ намуданд.