Раёсати Душанбе

Имдодгарон дугоникҳои дусоларо наҷот доданд

Кормандони наҷоти воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душаннбе дари бастаеро боз карданд, ки дар он дугоникҳои дусола танҳо монда буданд.

Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дар бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Навоии пойтахт зани ҷавон наметавонад вориди хонааш шавад...

Наҷоти писари 16-сола дар рӯди Душанбе. Оббозӣ мекард, ки ғарқ шуд

Рӯзи гузашта, 27-уми май соати 15:32 дақиқа ба навбатдори фаврии Раёсати  Кумита дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки як наврас дар соҳили чапи дарёи Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ вақти оббозӣ ғарқ шудааст.

Баъди дарёфти хабар фавран сардори Раёсат, муовини сардори Раёсат ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти...

Кормандони Кумита омодагиҳо ба мавсими оббозиро месанҷанд

Омодагии соҳилҳо ва ҷойҳои истироҳати оммавӣ дар соҳили махзанҳои об  дар саросари кишвар аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.

Чунончӣ, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ва   шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ...

Пайдо шудани ҷасади ҷавонзани ношинос дар рӯди Варзоб. Даркушоӣ ва наҷоти духтарчаи танҳо

Кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар як хонаи баландошёна воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт дари баста хонаеро боз карданд, ки духтарчаи ҳафтсола дар дохили он монда буд.

Сигнали даъват ба ёрӣ ба шумори умумии “112” аз як сокини ин бино расид.

Марги ду ноболиғ дар рӯди Душанбе. Сеюмӣ наҷот ёфт, вале дар ҳоли вазнин бистарист

Рӯзи 16 – уми майи  соли 2021 тахминан соатҳои 16:27 се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд. Ду нафар ба ҳалокат расиданд, якеро наҷот доданд ва он ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон аст. Сабаб беназоратии волидон.

Чуноне, ишора рафт, ин ҳодлиса наздикиҳои бегоҳ рух дод.

Страницы