Раёсати Душанбе

Таҷлили Рӯзи Парчам дар Раёсати КҲФ дар шаҳр и Душанбе

Рӯзи 24 ноябри соли 2021 бо риояи талаботи беҳдоштию зидиэпидемикӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчам давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Гуфта шуд, ки мутобиқи моддаи 3 – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои...

Мулоқот бо намояндагони Кумитаи дин дар Раёсати Душанбе

29 октябри  соли 2021 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мулоқот Сардори Раёсати итиҳодияи динии Кумитаи...

Марги ду нафар дар обҳои кишвар. Яке 6-солаву дигар 39-сола. Яке бемори рӯҳӣ, дуюмӣ кӯдаки солим

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ягон ҳодисаи фавқулода табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо ду ҳодисаи марги одамон дар об сабт шуд.

Ҳодисаи аввал дар қаламрави вилояти Хатлон рух дод. Як сокини 6-солаи деҳаи Сомон, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар канали Қумсангир уфтодаву ғарқ шудааст. Сабаби ин ҳодисаи нохӯш беназоратии писараки шашсола гуфта шудааст.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  бахшида ба Рўзи байналмилалии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ аз рӯзи 28-уми сентябри соли равон то рӯзи 5-уми октбяр тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда  дар Муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳияҳои шаҳри Душанбе як сислсила чорабиниҳо баргузор намуд.

Ин чорабиниҳо бо ширкати васеъи донишомӯзону муаллимон гузаштанд...

Бархӯрди ду мошин дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ. Як нафар ҳалок шуд 8 нафар маҷрӯҳ

Нимишабии рўзи 30-уми сентябри  соли 2021, соати 03:29 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар роҳи Ваҳдат ба самти Душанбе дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ як садамаи мошин рух дод, ки марговар буд.

Бо дарёфти хабар дастаи наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса...

Страницы