Кормандони наҷоти воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душаннбе дари бастаеро боз карданд, ки дар он дугоникҳои дусола танҳо монда буданд.
Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки дар бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Навоии пойтахт зани ҷавон наметавонад вориди хонааш шавад ва дар дохили хона дугоникҳои дусола танҳоянд. Модари тифлакон барои шир рафта будааст ва чун ба хона баргашт, дарро баста дид ва калид бо худ надошт.
Кормандони наҷот барои он ки тифлон натарсанд ва осеби рӯҳӣ набинанд, аз бом ба ошёнаи мавриди назар фаромаданд ва аз тиреза ворид гашта, дарро боз карданд.
Кӯдакон ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунанд ба хотири роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш кӯдаконро ҳаргиз дар хона танҳо нагузоранд!