Чанд соат пештар як сокини ноҳияи Сино ба Қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дода, ки аз беэҳтиётӣ калидро дар хона мондаву берун рафтааст ва чун омад натавонист вориди хона шавад. Вай ҳамчунин гуфт, ки духтарчаи дусолааш дар хона танҳост.
Кормандони наҷоти Раёсат фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дари бастаро боз намуда, Мадинаи дусоларо солим ба модараш супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳост ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми аз хона бурун шудан саросема нашаванд, ҳатман калиди хонаро бо худ бигиранд. Бахусус, дар хона танҳо мондани кӯдакони хурдсол аслан мумкин нест. Боз ин ҳам дар ҳолест, ки ин кӯдакон дусолаву сесола бошанд.
Танҳову беназорат гузоштани тифлон метавонад оқибатҳои нохӯш дошта бошад.
ЭҲТИЁТ КУНЕД!
О.Фахриддинзода