Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ ба хотири пешгирӣ аз хавфу хатарҳои эҳтимолӣ дар обҳо дар остонаи фасли гарм дар махзанҳои оби “Чорбоғ”, “Душанбе”, “Кӯли ҷавонон” ва “Варзоб”, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе мебошанд, рейд гузарониданд ва омодагии ин тафреҳгоҳҳоро ба қабули истироҳаткунандагон санҷиданд.
Кормандони Раёсат дар ин минтақаҳои тафреҳӣ мавҷудияти воситаҳои наҷот ва огоҳкунандаро аз назар гузарониданд.
Ҳамзамон бо истироҳаткунандагон дар мавзӯъҳои бехатарӣ дар обҳо, қоидаҳои оббозӣ, расонидани ёриҳои аввалия ҳамсуҳбат шуданд.
Дар ҷараёни рейд омодагии қаиқҳои моторӣ ва тайёрии ин тафреҳгоҳҳо ба фасли тобистон ҳамаҷониба санҷидаву барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда ба маъмурин дастурҳои лозим доданд
Ин гуна рейдҳо ва санҷишҳо пайваста гузаронида хоҳанд шуд.