Наҷоти як шаҳрванди 21-солаи Узбекистон дар Баҳри Тоҷик
Чоп шуд: 14/06/2021 | adminКормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 13-уми июн ҷони боз як нафарро аз хатари ғарқи об шудан наҷот доданд. Ин ҳодиса дақиқан соати 11:30 дарқиқа дар соҳили Баҳри Тоҷик рух дод.
Ғарқшуда як ҷавони 21-сола, сокини Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд мезистааст.