Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хучанд тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида бо сокинони маҳаллаҳои “Навбаҳор” ва “Дӯстии халқҳо” мулоқот доир гардид. Дар мулоқот сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода, ходими ҷамъиятию сиёсӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Далер Муродов, сармутахасиси Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, майор Адолат Карамхудоева, раиси Шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Шаҳзода Бутаева, Наргиза Содиқова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт”, Бахтиёр Абдуҷабборов, директори ташкилоти ҷамъиятии “Фонди рушд ҷомеа”, Рустам Аҳмадзода, корманди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нозирони минтақавии милитсия ва иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур ин фаҳмонидани моҳият ва дарки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла "Дар бораи пешгири зуроварӣ дар оила", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ " буда, ба ин васила пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, бахусус зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояту ҷинояткорӣ байни занон ва ҷавонону ноболиғон, пешгирии омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба савдои одамон, пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, аз шабгардию оворагардӣ ва сарфакорию зиёдаравӣ худдорӣ намудан, пешгирии бемориҳои сироятӣ, даъвати ҷавонони бонангу номус ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта ва ғайраҳо мебошад.
Дар охири мулоқот ба ширкаткунандагон китобу дастурҳои таблиғотӣ, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кардаст, тақсим карда шуданд. .
Маъмур ЮСУФЗОДА, Шаҳзодахон БУТАЕВА.